Феврал 22, 2018 22:00 Asia/Dushanbe
  • Transparency International: Тоҷикистон дар шохиси фасоди молӣ

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии коррупсия дар як соли охир боз 10 зинаи дигар пойин рафта, дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё гузошта шудааст.

Ба иттилои Ахбор, Созмони Transparency International (Шаффофияти байналмилалӣ), ки вазъи фасод ва ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, рӯзи 21 феврал гузориши солонаашро бо номи Corruption Perceptions Index 2017 (Шохиси қабули фасод 2017) нашр кард.

Созмони Transparensy International бар асоси ҷадвали 100-баллиаш ба Тоҷикистон ҳамагӣ 21 имтиёз додааст.

Transparency International соли гузашта Тоҷикистонро дар раддабандиаш 15 зина пойин бурда, дар байни 176 кишвар дар зинаи 151-ум гузошта буд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар гузориши ин созмон 25 имтиёз дошт.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи Transparency International дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор таъкид кардаст, ки "коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.”