Феврал 25, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши “Хонаи савдои Тоҷикистон” дар Узбакистон

“Хонаи савдои Тоҷикистон” (маркази тиҷориии Тоҷикистон) дар шаҳри Тошканд- пойтахти Узбакистон кушоиш ёфт.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар ибтидо дар ин марказ маҳсулоти истеҳсолии сохтмонии яке аз корхонаҳои тоҷикистонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Хонаи савдои Тоҷикистон дар Узбакистон пас аз эҷоди Маркази савдои Узбакистон дар Хуҷанд, кушоиш ёфт.

Маркази савдои Узбакистон моҳи октябри соли гузашта, дар маркази вилояти Суғд шурӯ ба фаъолият кард ва намунаҳое аз маҳсулот ва тавлидоти Узбакистон дар он ба намоиш ва фурӯш гузошта шудааст.

Маркази савдои Узбакистон дар бинои собиқи маркази тиҷории Эрон дар шаҳри Хуҷанд, қарор дорад.

Тибқи омори расмии соли 2017, ҳаҷми табодули коло байни Тоҷикистон ва Узбакистон ба 126 миллион доллар расид, ки аз ин маблағ, 69 миллион доллар воридоти коло аз Узбакистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содирот аз Тоҷикистон ба Узбакистон будааст.