Март 01, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои бебозгашти Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон

Намояндаи доими Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе гуфт, аз ин ба баъд аз ҷониби ин бонк ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои молии бебозгашт дода мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Прадип Сривастава рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Бонки Осиёии Рушд имсол дар ҳаҷми 160 миллион доллар кумаки молии бебозгашт барои Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод.

Вай афзуд, аз ин маблағ 90 миллион доллар барои сохти роҳи Душанбе - Бохтар, ҳудуд 45 миллион доллар барои беҳбуди обрасонӣ дар шаҳри Душанбе ва маблағи боқимонда низ сарфи бахши тандурустӣ ва муҳити зисти Тоҷикистон мешавад.

Дидори намояндаи доими Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе бо хабарнигорон ба муносибати бистумин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмилалӣ ва понздаҳумин солгарди ифтитоҳи дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Прадип Сривастава ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, дар тӯли фаъолияти Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ин кишвар аз ин ниҳоди молӣ ҳудуди якуним миллиард доллар қарз ва кумаки молии бебозгашт дарёфт кардааст.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки тасмими Бонки Осиёии Рушд барои пешниҳоди танҳо кумакҳои бебозгашт, агарчӣ аз тарафе ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст, аммо аз тарафи дигар баёнгари ин воқеият аст, ки ниҳодҳои молии байналмилалӣ нигарони вазъи иқтисодии Тоҷикистон барои бозпас гирифтани қарзҳои худ ҳастанд ва дигар ба ин кишвар эътимод надоранд.

Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба марзи 2.9 миллиард доллар расидааст.