Март 01, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди рамзи ҷашни “Наврӯз 2018” дар Тоҷикистон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯзро барои соли 2018 таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин рамзи доирашакл кураи замин ва дар атрофаш парчами миллии Тоҷикистон ва пайки баҳор- суманак, парасту ва рангинкмон бо навиштаҷоти “Наврӯз-2018” бо забонҳои форсии тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазоратхонаҳо ва идораҳо, ташкилот ва муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва васоити ахбор метавонанд аз рамзи ҷашни байналмилалии “Наврӯз – 2018” истифода намоянд.

Қарор аст, ин рамз дар ҷараёни рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон истифода шавад.

Ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон имсол рӯзҳои 21-24-уми март дар се шаҳри Душанбе, Панҷакент ва Бохтар таҷлил мешавад.