Ҳушдори IRS ба мусофирон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30697-Ҳушдори_irs_ба_мусофирон
Ширкат роҳдори "Innovative Road Solutions", ки соҳибимтиёзи баҳрабардорӣ пас аз тармими шоҳроҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон аст, ба мусофирон дар бораи сафар ба манотиқи кӯҳистонии ин кишвар ҳушдор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори IRS ба мусофирон

Ширкат роҳдори "Innovative Road Solutions", ки соҳибимтиёзи баҳрабардорӣ пас аз тармими шоҳроҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон аст, ба мусофирон дар бораи сафар ба манотиқи кӯҳистонии ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши ОМИТ “Ховар”, Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS гуфтааст, бориши пай дар пайи борон тайи чанд рӯзи ахир мӯҷиби бурузи мавориди зиёди резиши санг дар роҳҳои кӯҳистонӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин падида саломати мусофирон ва васоили нақлияро бо хатар мувоҷеҳ мекунад. Бинобар ин мусофирон, бавижа ронандагони васоили нақлия бояд дар ин масирҳо бо эҳтиёт рафтуомад кунанд. Далери Абдуллоҳ эълом кард, кормандону тамоми абзор ва таҷҳизоти ширкат ҳамакнун машғули коранд, то шароити хатарсози пешомадаро дар кӯтоҳтарин замон рафъ кунанд.

Масири иртиботии марказ ба шимоли Тоҷикистон аз ҷумлаи роҳҳои душворгузари ин кишвар аст, ки ҳамасола, бавижа дар айёми борандагӣ ҷони теъдоди зиёде аз ронандагону мусофиронро мегирад.