Март 03, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Аввалин тамоси кӯдаки тоҷик аз Ироқ бо бастагонаш дар Тоҷикистон

Духтари 10 солаи тоҷик, ки дар парваришгоҳе дар Ироқ нигаҳдорӣ мешавад, муваффақ шудааст аз тариқи канали иртиботии “Скайп” бо падарбузургаш (бобояш) дар Тоҷикистон гуфтугӯи видеоӣ дошта бошад.

Ба гузориши сайти “Топ Тҷ”, Марям, ки пас аз кушта шудани падар ва модараш дар Ироқ, ба ҳамроҳии се хоҳар ва бародари хурдиаш ба парваришгоҳ (ятимхонаи)-е дар ин кишвар мунтақил шуд, бо кумаки созмони “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” бо Муҳаммадраҳим Шоев, падарбузурги худ иртиботи видеоӣ дошт.

Вай дар ин тамос гуфтааст, ҳоли худ ва хоҳару бародараш хуб ва ягона орзӯи онон бозгашт ба Тоҷикистон, ба назди бастагонашон аст. Аммо ба нақли падарбузургаш, пойи Марям мелангид ва иллаташ шикастагии по ҳангоми таркиши бомба будаву баъдан амал шудааст, вале ҳанӯз комилан сиҳат нашудааст.

Муҳаммадраҳим Шоев, падарбузурги Марям гуфтааст, писараш донишҷӯи Донишгоҳи “Алазҳар”-и Миср буда ва қасд доштааст ба Тоҷикистон баргардад.

Вай дар охирин тамоси худ дар соли 2017 эълом карда буд, дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон , дар Туркия қарор дорад ва пас аз ин гуфтугӯи телефонӣ ҳеҷ хабаре аз вай нашуд. Аз ин рӯ, чигуна аз Ироқ сар даровардани Ҷамолиддин- падари Марям маълум нест.

Вале Муҳаммадраҳим Шоев, падарбузурги Марям мегӯяд, ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир, гузориши хабарнигорони шабакаи “Russia Today”-ро дида ва набераҳои худро, ки дар парваришгоҳе дар Ироқ буданд, шинохтааст.

Аз ин рӯ, аз мақомоти Тоҷикистон барои интиқоли набераҳои худ аз Ироқ дархости кумак кардааст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, мақомоти Вазорати умури хориҷа барои бозгардонидани ин кӯдакон ба кишварашон вориди амал шудаанд.

Аммо замони бозгашти онон ҳанӯз мушаххас нест ва бар асоси иттилои Муҳаммадраҳим Шоев, масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки бозгардонидани набераҳояш як то ду моҳ тӯл хоҳад кашид.

Марям, духтари 10 солаи тоҷик ним сол қабл дар Ироқ пайдо шуд, вале ҳувияташ мушаххас набуд, аммо бастагонаш ҳафтаи гузашта ба расонаҳо аз шиносоии Марям хабар доданд. Тибқи ин маълумот, Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шоҳмирзоева, сокини шаҳри Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди таҳсил ба Миср сафар кардааст ва тифли панҷуми онҳо дар Миср таваллуд шудааст.