Август 28, 2016 08:33 Asia/Dushanbe
  • Мизони интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфт

Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши нисбии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ, бавижа Русия дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши "Авесто", Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ таъкид мекунад, ки тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ сатҳи зиндагии хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби афзоиши мизони интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии ин кишвар аз Русия беҳбуд ёфтааст. Бар асоси ин гузориш, соли гузашта як муҳоҷири тоҷик барои хонаводааш дар Тоҷикистон ба таври миёна 632 сомонӣ ирсол мекард, аммо ин шохис дар соли ҷорӣ ба 981 сомонӣ расидааст. Аз ин рӯ, ин шохис болотарин мизони интиқоли пул аз ҷониби як муҳоҷир ба кишвараш тай як соли ахир мебошад, ки мӯҷиби беҳбудии нисбии шароити маишии хонаводаҳо дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки муҳоҷирон мефиристанд, мизони даромади ҳар як нафар тай моҳҳои май - июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бонки Ҷаҳонӣ муътақид аст, ки шароити маишии наздик ба 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад, ки тай солҳои 2013 ва 2014 ин шохис ба беш аз 4 миллиард доллар дар сол мерасид. Аммо ин нишондод дар соли 2015 бо коҳиши шадиди 1 миллиарду 200-миллиондолларӣ мувоҷеҳ гашт, ки мӯҷиби бурузи буҳрони молӣ дар иқтисоди Тоҷикистон шуд.