Муваффақиятҳои тозаи варзишгарони тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30921-Муваффақиятҳои_тозаи_варзишгарони_тоҷик
Рӯзҳои ахир чанд хабари тоза аз муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногун мунташир шудааст, ки рушди варзиш дар Тоҷикистонро навид медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 06, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Муваффақиятҳои тозаи варзишгарони тоҷик

Рӯзҳои ахир чанд хабари тоза аз муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногун мунташир шудааст, ки рушди варзиш дар Тоҷикистонро навид медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ду варзишгари тоҷик дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти ҷоми Аврупо, ба мақоми севумӣ ва нишонҳои биринҷӣ даст ёфтанд.

Ин мусобиқот рӯзҳои севум ва чаҳоруми феврал дар Туркия бо ҳузури 381 дзюдокор аз 23 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73- килограм ва Имомризо Қурбонов дар вазни 90- килограм хуш дурахшиданд.

Дар гуштии навъи самбо низ Акмалиддин Каримов рутбаи нахустро дар радабандии ҷаҳонӣ дар соли 2017 аз они худ кард.  

Ин гуштигири тоҷик аз миёни 167 гуштигир дар вазни 57 килограм бо касби 2100 имтиёз дар ҷои нахусти ҷаҳонӣ аст.  

Акмалиддин Каримов соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд ва бозиҳои осиёии дохили салон дар Ишқобод нишони тилло ва дар Ҷоми ҷаҳони Сочии Русия нишони нуқраро аз они худ кард.

Беҳрӯз Хоҷазод, қаҳрамон ҷаҳон дар гуштии самбо дар радабандии ҷаҳонии 2017 аз миёни 253 гуштигири вазни 74 ба рутбаи дувум расид.