Марги машкуки 4 узви як хонаводаи тоҷик дар Мадинаи мунаввара
(last modified 2018-03-07T17:29:29+00:00 )
Март 07, 2018 22:29 Asia/Dushanbe
  • Марги машкуки 4 узви як хонаводаи тоҷик дар Мадинаи мунаввара

Бахтиёр Додохонов, писари 33-солаи мудири собиқи чопхонаи "Шарқи Озод” Манзур Додохонов, ҳамроҳи ҳамсари 33-сола ва писари 10 ва 12-солааш Беҳрӯз ва Некрӯз рӯзи 5 март дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар меҳмонхона эҳтимолан заҳролуд шудаанд.

Ба иттилои Ахбор, дар бораи ҳалокати 4 узви як оила аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҳанӯз хабари расмие нашр нашудааст. Вале наздикони хонаводаи Додохоновҳо мегӯянд, ки Бахтиёр Додохонов, писари 33-солаи мудири собиқи чопхонаи "Шарқи Озод” Манзур Додохонов, ҳамроҳи ҳамсари 33-сола ва писари 10 ва 12-солааш Беҳрӯз ва Некрӯз рӯзи 5 март дар як меҳмонхона дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ҳалок шудаанд.

Дар бораи сабаби марги ин 4 узви як оила аз Тоҷикистон фарзияҳои гуногуне баён мешаванд. Як фарзияи ағлаб ин аст, ки онҳо дар меҳмонхона эҳтимолан аз истеъмоли ғизо заҳролуд шудаанд.

Бахтиёр Додохонов дар Душанбе ба тиҷорати атриёт ва телефонҳои мобил машғул буд ва ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш барои анҷоми Ҳаҷҷи умра рафта буд.

Онҳо рӯзи 6 март тавассути Алма-Ато билети бозгашт доштаанд.

Манзур Додохонов, падари Бахтиёр ва бобои Беҳрӯзу Некрӯз мегӯяд, рӯзи 6 март ҳатто ба фурудгоҳи Душанбе рафт, ки наздиконашро пешвоз бигирад, вале онҳо наомаданд: "Баъди ин ба сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ занг задем. Ва аз онҷо хабар ёфтем, ки ҳамаааш ҳалок шудаанд. Як рӯз пеш аз омаданашон телефонӣ сӯҳбат кардем ва набераам бо хурсандӣ гуфт, ки "бобоҷон, бароят тӯҳфа мебарем.” Вале амри тақдир чунин будааст.”

Ҳоло дар Арабистони Саудӣ ҷасадҳои ин 4 зоири тоҷики ҳалокшуда таҳти ташхис ва қазияи марги онҳо таҳти тафтиш қарор дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳоро дар ҳамон Мадина ба хок месупоранд ваё ба Тоҷикистон меоранд. Қаблан зоирони фавтидаро дар Маккаву Мадина дафн мекарданд, вале мақомоти Арабистони Саудӣ дар солҳои охир тарҷеҳ медиҳанд, ки ҷанозаҳои зоирони фавтидаро ба кишварҳои зодгоҳашон бифиристанд.