Март 08, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
  • Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарони тоҷик дар Рӯзи байналмилалии занон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба бонувони тоҷик фаро расидани фасли баҳор ва Рӯзи модарро ба модарони дилсӯз ва меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба бонувони тоҷик фарорасидани фасли зебои сол, яъне баҳорро ба тамоми занон ва модарони мушфиқ ва меҳрубони кишвараш табрик гуфта, барои онон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзӯ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимн суханоне дар ин дидор модарро рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон ва аввалин шахсе унвон кард, ки бо меҳрубонии хосси худ дар қалби тифл хислату сифати неки инсониро парвариш дода ва вайро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳанамоӣ мекунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, инсон нахустин дарси одамият ва худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати вай, соҳиби маърифат мешавад.

Вай идома дод, бино бар ин аввалин омӯзгори инсон модар буда, ба фарзанд натанҳо сухан гуфтанро балки беҳтарин амал ва рафтору адаб ва хислатҳои хубро дар зеҳн ва шуури вай тарбият мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имрӯз модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияти насли ояндасоз ҳамчунин дар ҳавзаи сиёсат, илм, омӯзиш ва парвариш, беҳдошт, ҳунар ва варзиш, тиҷорати муваффақ ва коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши муҳим доранд.

Вай тасреҳ кард, модарони арҷманди мо дар ростои ҳифз ва нигаҳдории расм ва ойинҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон нақши қиболи таваҷҷуҳе доранд.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи модар” дар Тоҷикистонро баёнгари эътибор ва эҳтироми зиёди давлати ин кишвар нисбат ба занон ва гувоҳи равшан аз дастёбии онон ба мақоми вижа дар даврони истиқлол унвон кард.