Бадахшони Тоҷикистон дар феҳрасти садгонаи беҳтарин манотиқи сайёҳӣ
(last modified Fri, 09 Mar 2018 15:09:31 GMT )
Март 09, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Бадахшони Тоҷикистон дар феҳрасти садгонаи беҳтарин манотиқи сайёҳӣ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ба унвони яке аз сад минтақаи сайёҳии бартари ҷаҳон шинохта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, маросими муаррифии Бадахшон ба унвони яке аз беҳтарин манотиқи сайёҳии ҷаҳон, ахиран, дар ҳошияи “Намоишгоҳи ҷаҳонии гардишгарии Берлин -2018” дар Олмон баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Олмон эълом кардааст, Бадахшон илова бар қарор гирифтан дар феҳрасти садгонаи манотиқи бартари сайёҳии дунё мақоми нахустро дар ин замина дар Осиё ва Уқёнусия дорост.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи умдатан кӯҳистонӣ бо қуллаҳои баланду рӯдхонаҳои зиёд аст, ки аз лиҳози гардишгарӣ минтақаи бикр ва тақрибан дастнахӯрда маҳсуб мешавад.

Муаррифии Бадахшони Тоҷикистон ба унвони яке аз сад минтақаи сайёҳии бартари ҷаҳон дар ҳоле сурат гирифта, ки соли 2018 аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони Соли гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.