Ҷилавгирӣ аз қочоқи 41 ҳазор литр сӯхти дизелӣ дар шимоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31111-Ҷилавгирӣ_аз_қочоқи_41_ҳазор_литр_сӯхти_дизелӣ_дар_шимоли_Тоҷикистон
Кормандони гумруки ноҳияи Спитамен, дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз қочоқи беш аз 41 ҳазор литр сӯхти дизелӣ аз Қирғизистон ба дохили ин минтақа ҷилавгирӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 10, 2018 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз қочоқи 41 ҳазор литр сӯхти дизелӣ дар шимоли Тоҷикистон

Кормандони гумруки ноҳияи Спитамен, дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз қочоқи беш аз 41 ҳазор литр сӯхти дизелӣ аз Қирғизистон ба дохили ин минтақа ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, баррасиҳои аввалия нишон медиҳад, ин миқдор сӯхт мутааллиқ ба як фарди 28- солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки аз Қирғизистон харидорӣ ва ба таври қочоқ вориди вилояти Суғд шудааст.

Қимати ин миқдор сӯхти дизелии мусодирашуда 236 ҳазор сомонӣ таъйин ва барои ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми воридоти қочоқи сӯхт парвандаи додгоҳӣ ташкил шудааст.

Ба далели гарон будани қимати сӯхт дар Тоҷикистон, асосан бензин, сӯхти дизелӣ ва гази моеъ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Дар дохили Тоҷикистон қимати як литр бензин ва сӯхти дизелӣ яксон аст ва қочоқчиёни сӯхт талош мекунанд аз Қирғизистон анвои сӯхтро арзон харидорӣ ва ба Тоҷикистон ворид кунанд.

Дар соли 2017 ҳам кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз вуруди 10 ҳазор литр сӯхти дизелии қочоқ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.