Имзои чандин тавофуқнома дар сафари Мирзиёев ба Душанбе
(last modified Sat, 10 Mar 2018 13:59:09 GMT )
Март 10, 2018 18:59 Asia/Dushanbe
  • Имзои чандин тавофуқнома дар сафари Мирзиёев ба Душанбе

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон чандин тавофуқнома ва санади ҳамкорӣ дар заминаи густариши муносибот имзо карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи ҷумъа пас аз имзои ин тавофуқномаҳо, бар иродаи ду кишвар бар густариши муносибатҳо таъкид карданд.

Тавофуқномаҳои имзо шуда, миёни масъулони Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе, дар заминаҳои ҳамлу нақл, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ, амният ва мубориза бо терроризм аст.

Шавкат Мирзиёев пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон афзуд, равобити Тоҷикистон ва Узбакистон дар ояндаи наздик то сатҳи мушорикати роҳбурдӣ, афзоиш ва Тошканд ба таври мудовим ҳамкориҳои худ бо Душанберо дар тамоми соҳаҳо, тавсеа хоҳад дод.