Сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон феълан мумкин нест
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31235
Бо вуҷуди эъломи тавофуқи Тоҷикистон ва Узбакистон барои сафари 30 рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар, иҷро шудани ин тарҳ машрут ба тасвиби парлумонҳои ду ҷумҳурӣ шудааст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 13, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон феълан мумкин нест

Бо вуҷуди эъломи тавофуқи Тоҷикистон ва Узбакистон барои сафари 30 рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар, иҷро шудани ин тарҳ машрут ба тасвиби парлумонҳои ду ҷумҳурӣ шудааст.  

Ба нақл аз Азия-Плюс, марзбонони Тоҷикистон ва Узбакистон ба шаҳрвандони ин ду кишвар, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ таҷаммуъ кардаанд, гуфтаанд, ки то тасвиби созишномаи сафари 30 рӯзаи бидуни раводид дар парлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ имкони убур вуҷуд надорад.  

Албатта барои сокинони манотиқи марзи муштараки ду кишвар сафари 5 рӯза биломонеъ аст.  

Як мақоми масъул дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон талош хоҳад кард, таи 1 моҳи оянда ин созишнома ба тасвиб бирасад.

Ҳамзамон бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, 10 гузаргоҳи марзӣ масдуд шуда ва эълом шуд, ки сафари бераводиди шаҳрвандони ду кишвар як моҳ ба хоки якдигар фароҳам хоҳад шуд.