Март 18, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 20 сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба бемористон

Пас аз дармони 84 нафар аз сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ба тозагӣ 20 нафар аз ин минтақа ба далели масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳролуди гелиотроп, ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Насрингул Некушоева, садори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки то ба ҳол 30 нафар ба далели заҳролуд шудан аз масрафи орди олуда ба гиёҳи гелиотроп дар ноҳияи Ишкошим дар бемористони шаҳри Хоруғ- маркази ин вилоят, таҳти дармон қарор доранд.

Аммо ба далели мушоҳидаи мавориди ҷадиди мубтало шудани 20 нафар аз сокинони ноҳияи Ишкошим, ки аз орди олуда ба ба гиёҳи заҳрогини гелиотроп мариз шудаанд, ин афрод ҳамакнун дар бемористони шаҳри Хоруғ таҳти мудово мебошанд. Акнун гурӯҳе аз мутахасисони Вазорти тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ба дармон беморони машғул ҳастанд ва аз мардум низ хоста шуда, ки аз масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогин гелиотроп, ки аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кулоб ворид шуда, худдорӣ кунанд. Мақомоти вилояти Бадахшон далели пайдоиш ва густариши бемории варами ҷигар дар ин вилоятро масрафи гандуми олудае медонанд, ки яке аз тоҷирони маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ ворид кардааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 1992 низ бемории мушобеҳе дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор мушоҳида шуда буд, ки дар пайи варами ҷигар ҳашт ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа, беш аз 500 тан аз ин афрод ҷони худро аз даст доданд.