Зойиров: Дар Тоҷикистон мухолифи ҳукумат будан қаҳрамонӣ аст
Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мӯътақид аст, ки дар шароити феълӣ фаъолият ба унвони мухолифи сиёсии ҳукумати ин кишвар, навъе қаҳрамонӣ аст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Раҳматуллоҳ Зойиров ба муносибати бистумин соли таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо интишори паёме гуфтааст, ки дар шароити сахти сиёсии ин кишвар фаъолият кардани як ҳизби мухолифи ҳукумат, қаҳрамонӣ баҳисоб меояд.
Ба гуфтаи Зойиров, пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ва ба муттаҳидони давлати Тоҷикистон табдил шудани аҳзоби демократ ва ҳизби сотсиалист, акнун танҳо ҳизби сотсиал-демократ ба унвони танҳо ташаккули сиёсии мухолифи ҳукумат боқӣ монда, ки бо фишори зиёде низ рӯба рӯ аст, зеро аксари аъзои аршади ин ҳизб бо вуҷуди доштани таҳсилоти донишгоҳӣ ва тахассус дар риштаҳои мухталифи илмӣ, наметавонанд дар Тоҷикистон барои худ ҷойи кор пайдо кунанд.
Бо вуҷуди фаъолияти 20 солаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии ин кишвар, дар ҳеҷ интихоботи парлумонӣ муваффақ ба фиристодани ҳатто як намоянда ба Маҷлиси қонунгузории ин кишвар нашудааст.
Талоши Зойиров барои номзад шудан аз сӯи эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 дар Тоҷикистон, низ ба ҷое нарасид ва дар интихоботи соли 2013 хонум Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шуд.
Дар солҳои ахир ҳатто имкони баргузории нишастҳои Ҳизби сотсиал- демократи фароҳам намешавад ва раиси ин ҳизб, аксари вақти худро дар Қазоқистон ба унвони ҳуқуқдон мегузаронад.