Март 20, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани панҷ донишманди тоҷик ба асардуздӣ

Пойгоҳи мубориза бо асардуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи “Диссернет” панҷ донишманди тоҷикро ба дуздидани матолиби дигарон барои ҳимояи рисолаҳои доктории худ муттаҳам кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ду тан аз ин донишмандон Зафар Тайфуров ва Назруллоҳ Амиров пас аз ифшо шудани ин мавзуъ аз дараҷаи илмии улуми ҳуқуқ ва иқтисод маҳрум карда шудаанд.

Пойгоҳи “Диссернет” муддаӣ аст, ки Назруллоҳ Амиров дар навиштани рисолаи илмии доктории хеш дар мавзӯи “Рушди чорводорӣ дар Тоҷикистон” аз китоби хонум Н. З. Гончарова, донишманди Русия дуздӣ карда ва танҳо таркиби “парвариши хук”-ро ба таркиби “парвариши гӯсфанд” ва Русияро ба Тоҷикистон иваз кардааст.

Ҳамчунин Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Донишгоҳи Иммануил Канти кишварҳои соҳили баҳри Балтика, бо баррасии дубораи рисолаи Зафар Тайфуров дар бораи “маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон” эълом кардааст, ки 86 дарсад аз матолиби ин асар сирқати илмӣ аст ва нависанда бояд аз унвони доктории ҳуқуқ маҳрум карда шавад.

Шӯрои олии таъйиди рисолаҳои доктории Русия низ ин ду донишманди тоҷикро аз унвонҳои докторӣ маҳрум кардааст. Зеро қаблан тамоми рисолаҳои доктории дифоъшуда дар Тоҷикистон бояд дар ин шӯро таъйид мешуд.