Сафари раисҷумҳурии Тоҷикистон ба Амрико
Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид бо унвони “Даҳаи байналмилалии об барои тавсеаи пойдор” ба Ню-Йорк рафт.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст қарор аст бо Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва бархе дигар аз мақомоти ин созмон дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ин нишаст дар рӯзҳои 21-23-юми март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури ҳайатҳое аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.
Соли гузаштаи мелодӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар асоси пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” эълом кард.
Дар СММ нахустин даҳаи иқдомот барои ҳалли масоили об дар сатҳи байналмилалӣ низ ба пешниҳоди Тоҷикистон бо номи “Даҳсолаи об барои ҳаёт” (2005-2015) ба тасвиб расида буд.