Шарти Сандуқи байналмилалии пул барои кумак ба Тоҷикистон
Корманди аршади пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия мӯътақид аст, кумаки молии Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон ба шарти пазириши барномаи ислоҳоти мавриди назари ин ниҳод дар низоми бонкии ин кишвар, хоҳад буд.
Ба гузориши “Спутник”, Николай Трошин бо ишора ба нигаронии Сандуқи байналмилалии пул аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон гуфт, афзоиши қарзҳои хориҷии ин кишвар, мӯҷиби ин навъ мавзеъгирии ниҳоди молии байналмилалӣ шудааст.
Вай мегӯяд, маъмулан тавсияҳои Сандуқи байналмилалии пул ба кишварҳои мухталифи ҷанбаи ҳатмӣ надорад ва сирфан мушовираӣ аст. Аммо дар мавриди Тоҷикистон бояд гуфт, ин кишвар тайи 4 соли ахир бо Сандуқи байналмилалии пул дар заминаи дарёфти 500 миллион доллар қарз аз ин ниҳоди молӣ, дар ҳол музокира аст, ки ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст; Чаро, ки ихтисоси ин маблағ ба Тоҷикистон ба шарти пазириши барномаи ислоҳоти мавриди назари Сандуқи байналмилалии пул дар низоми молӣ ва бонкии ин кишвар аст, ки ҷонибҳо бар сари ин мавзӯ ихтилоф доранд.
Сандуқи байналмилалии пул хостори ислоҳоти бунёдин дар низоми молӣ ва бонкӣ, додани осониҳои бештар ба бахши хусусӣ, коҳиши мизони андоз ва таъмини шаффофияти амалкарди бонкҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин таъмини озодии муомилоти арзӣ, поин овардани мизони суди қарзҳои бонкӣ ва эҷоди тавозун миёни воридот ва содироти маҳсулот дар Тоҷикистон, аз дигар шартҳои Сандуқи байналмилалии пул хоҳад буд, ки мавзӯи аслии омодагии Тоҷикистон барои пазириши ин барнома аст.