Тағйири равиши кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31814
Ба далели афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон, ниҳодҳои молии байналмилалӣ равиши кумакҳои молӣ ба ин кишварро тағйир медиҳанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 27, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Тағйири равиши кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон

Ба далели афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон, ниҳодҳои молии байналмилалӣ равиши кумакҳои молӣ ба ин кишварро тағйир медиҳанд.  

Ба нақл аз дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё, акнун ин ниҳод ба ҳамроҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ба ин натиҷа расидаанд, ки ба далели афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар, кумаки молии билоиваз ихтисос диҳанд.  

Бонки рушди Осиё эълом кардааст, дар 2018 ба Тоҷикистон 150 миллион доллар кумаки молии билоиваз ва 10 миллион доллари дигар ба манзури коҳиши осебҳои ворида аз офатҳои табиӣ ихтисос диҳад. Чанде қабл Прадип Стервасава, мудири дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё гуфта буд, ба далели афзоиши мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон, тавони бозпардохти қарзҳои ин кишвар ба ниҳодҳои молии байналмилалӣ коҳиш ёфтааст ва боисте дараҷаи ин ҷумҳурӣ ба радифи кишварҳои дарёфткунандаи кумакҳои молӣ низ тағйир кунад.

Чун қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали 2018 ба 2.9 миллиард доллар расид, ки баробар бо 40.3 дарсади маҷмуи тавлиди нохолиси миллии кишвар аст.  

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише бо унвони “Афзоиши осебпазирӣ бо вуҷуди рушди пойдори иқтисодӣ дар Тоҷикистон”, ки соли гузашта мунташир шуд, зикр кардааст, мақомоти масъули Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, наҳваи мудирияти қарзи давлатиро бозбинӣ кунанд ва сақфи қарзи хориҷиро аз 40 дарсад ба 60 дарсад афзоиш диҳанд.