Март 28, 2018 08:51 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бозори маҳсулоти Узбакистон дар шаҳри Исфара

Дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз бозори фурӯши маҳсулоти Узбакистон дар маркази шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши “Ахбор”, бо ифтитоҳи ин маркази тиҷорӣ заминаи арзаи мустақими маҳсулоти тавлиди ширкатҳои Узбакистон барои сокинони шаҳри Исфара, ки марзи муштарак бо вилояти Қӯқанди Узбакистон дорад, фароҳам шуд.

Коршиносон мегӯянд, маҳсулоти тавлиди ширкатҳои узбакистонӣ дар муқоиса бо колоҳои сохти Чин аз кайфияти болотар ва қимати поинтаре бархурдор аст, ки ин омилҳо мӯҷиби истиқболи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин колоҳо шудааст. Қимати маводи ғизоӣ, либос ва лавозими хонагӣ, ки бозаргонони Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ба маротиб арзонтар аз колоҳои мушобеҳи тавлиди Тоҷикистону Чин аст. Аз ин рӯ, аз густариши равобити иқтисодию тиҷории навоҳии ҳамарзи Тоҷикистон ва Узбакистон мардуми ду тарафи марз суди фаровоне касб хоҳанд кард, ки ҳам мӯҷиби иштиғолзоӣ барои афроди ҷӯёи кор шуда ва ҳам заминаи арзаи колоҳои рақобатӣ фароҳам мешавад, ки муштариён метавонанд миёни маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин колои арзонтар ва бокайфиятро интихоб кунанд.

Пас аз амалӣ шудани созишномаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои якдигар, ки дар ҷараёни нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе тайи рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ имзо шуд, рафтуомади мусофирон, васоили нақлия миён ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.