Ҷавонони тоҷик 50 танро дар оташсӯзии Кемерово наҷот доданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31946-Ҷавонони_тоҷик_50_танро_дар_оташсӯзии_Кемерово_наҷот_доданд
Фарзон Салилов ва Маҳмуд Хоҷаев- кормандони дӯкони кафшфурӯшӣ, ки 50 танро аз оташ наҷот дода буданд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 29, 2018 08:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони тоҷик 50 танро дар оташсӯзии Кемерово наҷот доданд

Фарзон Салилов ва Маҳмуд Хоҷаев- кормандони дӯкони кафшфурӯшӣ, ки 50 танро аз оташ наҷот дода буданд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ба иттилои Спутник, онҳо ҳамагӣ ду ҳафта пештар дар макази савдои "Зимняя вишня" ба дӯкони кафшфурӯшие яке посбон ва дигар фурӯшанда шуда ба кор даромада буданд.

Чун ҳар ду аз ҳодисаи сӯхтор бохабар шуданд, онҳо зуд ба кӯмаки мардум шитофтанд ва дар натиҷа ҷони наздики 50 танро аз хатар наҷот доданд.

"Мо дидем, ки одамон дар қабати дуввум даводав мекарданд ва ба даҳшат омада буданд. Мо ҳам мехосетм берун шавем, вале дидем, ки дар назди баромадгоҳ мардуми зиёд ҷамъ шуданд ва роҳи баромад мекобанд. Дар ин ҳол як баромадгоҳи эҳтиётие, ки ба воситаи мағозаи мо буд, кушодем. Вақте ки ҳама ҷоро дуди оташ фаро гирифт, мо ҳам берун шудем",- ба ёд  меорад Фарзон.

Маҳмуд Хоҷаев шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вай гуфт, ки асалан намехост дар бораи кӯмакаш ба дармондагон ҳарфе бигӯяд.

"Ҳар чизе ки пештар ба расонаҳо гуфтам рост аст. Дигар чизе намехоҳам гӯям",- гуфт вай.

Дар навбати худ корбарони тоҷики Фейсбук ҳамватани худ Фарзон Салиловро дар акс шинохтаанд.

"Ман медонам, ки Фарзон хело инсони хуб аст. Вай як писар дорад, ки номаш Сиёвуш аст. Шуморо эҳштиром мекунем, Фарзон",- навиштааст Шабнам Довудова.