Апрел 01, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Тақдир аз шаҳрванди тоҷик барои наҷоти 50 нафар дар оташсӯзии Кемеровои Русия   

Дар баробари Фарзон Салимов раҳбари Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин корманди яке аз утоқҳои ошёнаи сеюм Александр Калачев ва сарбози 17-сола Дмитрий Полухинро барои наҷоти одамон аз сӯхтор қадрдонӣ кардааст.

Ба иттилои Спутник, раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин касонеро, ки ҳангоми сӯхтор мардумро наҷот дода буданд бо ҷоизаҳои Кумита қадрдонӣ кардааст.

"Раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин зимни сафар ба Кемерово бо нафароне, ки ҳангоми сӯхтор мардуми зиёдеро наҷот дода, қаҳрамонии воқеъӣ нишон додаанд, дидор кард. Зимни ҷоизасупорӣ Александр Бастрикин қайд кардааст, ки ин нишонҳои муборизон аст ва насиби касоне мешавад, ки мардонагии воқеъӣ нишон дода бошанд"-гуфтааст ӯ.

Дар баробари Фарзон Салимов раҳбари Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин корманди яке аз утоқҳои ошёнаи сеюм Александр Калачев ва сарбози 17-сола Дмитрий Полухинро барои наҷоти одамон аз сӯхтор қадрдонӣ кардааст.

Пештар муҷрии номдори Русия Владимир Соловев пешниҳод кард, ки Фарзон ва Маҳмуд барои қаҳрамонӣ қадрдонӣ шаванд.  

"Масалан ин ду ҷавони тоҷик, ки даҳҳо нафарро наҷот доданд, онҳо беш аз 30 кас, наздики 50 нафарро наҷот доданд. Маҳмуду Фарзон ҳар чӣ ки аз дасташон омад карданд",- таъкид мекунад Владимир Соловёв.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.