Афзоиши мутақозиёни дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон
Ба далели боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ ва оғози сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбакистон, теъдоди мутақозиёни дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз Toptj, нахустин бор таи солҳои ахир дар идораҳои шиносномаи Тоҷикистон, шаҳрвандони мутақозии сафари Узбакистон саф меистанд, то барои сабти ном ва дарёфти ин мадорик иқдом кунанд.
Муҳсин Ҳомидов, аз масъулони идораи шиносномаи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки теъдоди мутақозиёни дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ пас аз фароҳам шудани заминаи сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбакистон дар муқоиса бо давраи қабли тавофуқ, 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Пеш аз ин, мутақозиёни дарёфти шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистон шаҳрвандоне буданд, ки қасди сафари Русия доштанд.
Бар асоси тавофуқи Тоҷикистону Узбакистон, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бидуни доштани раводид 30 рӯз ба ду кишвар сафар кунанд.