Август 30, 2016 13:12 Asia/Dushanbe
  • Вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳаит ба ду моҳи ҳабс маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳукми боздошти муваққати Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба муддати ду моҳ содир кард.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров гуфтааст, ҳукми боздошти муваққати бародараш дар боздоштгоҳи муваққатии идораи пулиси ноҳияи Фирдавсӣ қироат шуд ва вай ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон мунтақил гашт. Хонум Ёрова, ки худ низ вакил мудофеи теъдоде аз аъзои аршади зиндонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, иллати боздошти бародарашро иддаои ифшо кардани парвандаи сиррии 13 узви аршади маҳкумшудаи ин ҳизб унвон намудааст. Ӯ муътақид аст, ки ин иттиҳом сохта аст ва ӯ танҳо ба парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи раиси ин ҳизб ба унвони муваккилаш дастрасӣ дошт.

Пас аз интишори нусхаи аксбардоришудаи беш аз 90-сафҳаии иттиҳоми 13 узви аршади ҲНИТ дар сайтҳои марбут ба мухолифони сиёсии Тоҷикистон дар хориҷ, ахиран, мақомоти додгоҳии ин кишвар ба боздошти ҳамсару писари Маҳмадалӣ Ҳаит иқдом карданд, ки пас аз ин моҷаро Ҷамшед Ёров, вакил мудофеи ӯ низ боздошт шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров, бародари бузурги Ҷамшед Ёров авохири моҳи сентябри соли 2015, пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон муддате пас аз боздошти ин вакили мудофеъ иттиҳоми ифротигароӣ ва даъват ба барандозии низомро ба ӯ нисбат доданд. Бузургмеҳр Ёров то кунун ҳеҷ як аз ин иттиҳомотро напазируфта, балки далели боздошти худро сиёсӣ эълом кардааст. Зимнан созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ низ борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва ду вакили мудофеи дигари боздоштшудаи аъзои ҲНИТ-ро низ озод кунад.