Тоҷикистон ирсоли нерӯ ба марзи Узбакистонро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3229-Тоҷикистон_ирсоли_нерӯ_ба_марзи_Узбакистонро_рад_кард
Як мақоми нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ахбори бархе расонаҳо дар бораи тақвияти нерӯҳои ин кишвар дар марз бо Узбакистонро рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 30, 2016 12:21 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ирсоли нерӯ ба марзи Узбакистонро рад кард

Як мақоми нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ахбори бархе расонаҳо дар бораи тақвияти нерӯҳои ин кишвар дар марз бо Узбакистонро рад кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Хоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон имрӯз (сешанбе) ба расонаҳои маҳаллӣ гуфт, марзи Тоҷикистон ва Узбакистон ором буда ва ба ин минтақа нерӯҳои ҷадиде эъзом нашудааст.

Хоҷаев гуфт: "Шояд кишварҳои ҳамсоя ба хотири баргузории иду ҷашнҳои истиқлол ба таври якҷониба марзҳояшонро бубанданд, вале мо то ба ҳол дастуре дар ин замина дарёфт накардаем".

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои Русия аз қавли манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки мақомоти марзбонии тоҷик бо таваҷҷуҳ ба наздик будани Солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва хабарҳои зидду нақиз дар мавриди саломатии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва имкони таниш дар марзи муштараки ду кишвар, тадобири вижае андешидаанд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон рӯзи шанбе бар асари хунрезии мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуд ва ба гуфтаи духтари хурдиаш Лола Каримова, ҳанӯз дар бахши муроқибатҳои вижа қарор дорад.

Бо ин ҳол шаби гузашта баъзе аз расонаҳои Русия хабари даргузашти Ислом Каримовро мунташир карданд, ки то кунун аз сӯйи манобеи расмӣ таъйид нашудааст.