Ибрози нигаронӣ аз афзоиши мубталоён ба СПИД дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32302-Ибрози_нигаронӣ_аз_афзоиши_мубталоён_ба_СПИД_дар_Тоҷикистон
Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳангоми баррасии вазъияти беҳдошт ва дармон дар ин кишвар, аз афзоиши теъдоди мубталоён ба СПИД ибрози нигаронӣ кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 07, 2018 07:53 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронӣ аз афзоиши мубталоён ба СПИД дар Тоҷикистон

Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳангоми баррасии вазъияти беҳдошт ва дармон дар ин кишвар, аз афзоиши теъдоди мубталоён ба СПИД ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин нишаст таъкид шудааст, аз соли 1991 то кунун дар Тоҷикистон 9 ҳазору 957 нафар мубтало ба СПИД шиносоӣ шудаанд.

Аз ин теъдод беш аз 66 дарсад мард, 33,5 дарсад зан ва 10 дарсад ҷавонони зери 18 сол ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи ин муддат ду ҳазору 440 нафар аз афроди мубтало ба СПИД фавт кардаанд ва бақия таҳти дармон қарор доранд.

Ин масъулон муътақиданд, 60 дарсади афрод мубтало ба СПИД аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла наздикии ҷинсӣ, интиқоли хунҳои олуда, истифода аз таҷҳизоти пизишкии ғайристандарт ва интиқол аз модар ба кӯдак, гирифтори ин беморӣ шудаанд.

Ҳамчунин теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, омили интишори ин бемории маргбор шинохта шудаанд.

Аз ин рӯ, намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бар зарурати таъсиси озмоишгоҳҳои пизишкӣ барои ташхиси ин беморӣ дар коргарони муҳоҷири тоҷик қабл аз сафари онон ба хориҷ ва муоинаи ройгони ҷавононе, ки қасди издивоҷ доранд, таъкид кардаанд.

Ба манзури пешгирӣ аз густариши бемории СПИД дар Тоҷикистон, таҳия ва пахши вижабарномаҳое бо ин мавзуъ аз шабакаҳои телевизионӣ низ тавсия шудааст.