Қаҳрамонии паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо
Варзишкори машҳури тоҷик дар риштаи дзюдо дар вазни 90 килограмм дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти ҷаҳонии мавсум ба “Анталия Гран При 2018” дар Туркия, ба мақоми қаҳрамонӣ расид.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Комроншоҳи Устопириён, ки дар марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот бар варзишкороне аз Амрико, Финландия ва ҷумҳурии Озарбойҷон пирӯз шуда буд, дар давраи ниҳоӣ Неманҷа Маҷдов аз Сербистонро шикаст дод ва ба мақоми қаҳрамонӣ расид.
Вай, ки дар ду соли ахир дар риштаи дзюдо мақоми қаҳрамонии Осиёро касб карда буд, соли гузашта дар мусобиқоти “Анталия Гран При 2017”мақоми дуввумро касб карда буд.
Комроншоҳи Устопириён нахустин варзишкори тоҷик аст, ки дар риштаи дзюдо дар вазни 90 килограмм дар ду соли ахир ҷоизаи бузурги мусобиқоти Тошканд, мақоми сеюми Ҷоми Аврупо, мақоми дуввуми ҷоизаи бузурги Туркия ва қаҳрамонии Осиёро касб кардааст.
Дар ин давр аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар Туркия, илова бар Комроншоҳи Устопириён чаҳор варзишкори дигари тоҷик ҳам дар риштаи дзюдо ва ҳузур доштанд, ки дар мароҳили муқаддамотӣ ҳазф шуданд.