Апрел 09, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон осон мешавад

Пас аз ислоҳи қонун хориҷиён метавонанд бидуни иҷозатномаи иқомати муввақат дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд.

Ба иттилои Форс, Парлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон" оғоз намуд.

Тағйирот буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон осон мекунад. Ҳамин тавр, хориҷиён метавонанд дар Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи иқомати муввақатӣ дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд.

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони хориҷӣ бояд  дар муддати 3 шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, шиносномаҳои хориҷии худро барои ба қайд гузоштан ба нуқтаи таъинот пешниҳод кунанд.

Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пас аз тасдиқ дар ҳарду палатаи парлумон ва имзои раисҷумҳур мавриди амал қарор мегиранд.