Апрел 10, 2018 14:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди коҳиши сатҳи таваррум дар Тоҷикистон

Тибқи иттилооти Ожонси омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи март низ монанди моҳи феврал раванди рӯ ба коҳиш дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, оморҳои Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, сатҳи таварруми ин кишвар дар моҳи март манфии як дарсад (-1) будааст, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта 2,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ додааст, коҳиши сатҳи таваррум асосан рӯйи нархи маҳсулоти хӯрокӣ ба андозаи манфии ду дарсад (-2) таъсир гузоштааст.

Ҳамчунин дар ин моҳ нархи колоҳои ғайрхӯрокӣ ба андозаи як дарсад ва арзиши хидматрасониҳои пулакӣ чор дарсад афзудааст.

Аммо гуфта мешавад, дар сохтори тағйирёбандаи таваррум дар моҳи март дар нархи бархе аз колоҳои пурмасрафи аҳолӣ, аз ҷумла орд, тухми мурғ, шакар, шир, картошка, пиёз, сабзӣ ва... маводи сӯхт, мисли гази моеъ раванди коҳишёбӣ мушоҳида шудааст.

Дар оғози соли 2018 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон -0,8 дарсадро ташкил медод.

Бар асоси пешбинии Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадили худро дар давраи миёнамуддат идома хоҳад дод. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулӣ ва қарзиро ҷиҳати ҳифзи сатҳи муътадили нархҳо идома медиҳад.