Дидгоҳи коршиноси рус ба осонсозии иқомати хориҷиҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32496-Дидгоҳи_коршиноси_рус_ба_осонсозии_иқомати_хориҷиҳо_дар_Тоҷикистон
Мудири маркази пажӯҳишии вобаста ба Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Русия муътақид аст, ислоҳи қонуни шароити иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон таъсири зиёде дар шароити ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар ин кишвар нахоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 11, 2018 05:59 Asia/Dushanbe
  •  Дидгоҳи коршиноси рус ба осонсозии иқомати хориҷиҳо дар Тоҷикистон

Мудири маркази пажӯҳишии вобаста ба Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Русия муътақид аст, ислоҳи қонуни шароити иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон таъсири зиёде дар шароити ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар ин кишвар нахоҳад дошт.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Казантсев гуфтааст, афзоиши ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз се рӯзи феълӣ ба 10 рӯз дар оянда, наметавонад ба ҷазби гардишгарон ва шаҳрвандони кишварҳое, ки Душанбе бо онҳо низоми раводид надорад, кумаки зиёде кунад.

Зеро дар ин маврид Тоҷикистон бо Қазоқистон, ки ин муддатро 30 рӯз таъйин кардааст, қобили муқоиса нест.

Аз сӯйи дигар, дар Тоҷикистон мушкили фасод ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ, аз ҷумла марокизи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд дорад, ки монеи вуруди атбои хориҷии бештар ба ин кишвар мешавад.

Ҳамчунин омили дигаре, ки боиси тарси вуруди гардишгарон ва атбои хориҷӣ ба Тоҷикистон мешавад, авзои амниятии ногувор дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ки фазои номатлуберо дар фазои маҷозӣ барои сафар ба Тоҷикистон эҷод кардааст.

Бар асоси тарҳи Қонуни ислоҳи муқаррароти шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки ахиран дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, муддати сабти номи ин афрод баъд аз вуруд ба ин кишвар аз се рӯз то 10 рӯз афзоиш меёбад.