Июл 19, 2016 10:00 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди коргарони нерӯгоҳи

Нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон, ки пас аз муддатҳо таъхир, сохт ва такмили он аз сӯйи як ширкати итолиёӣ дубора оғоз шудааст, бо зиёд будани нерӯи идорӣ рӯбарӯст ва ширкати итолиёии паймонкори ин тарҳ эълом кардааст ки 800 нафар аз коркунони ин бахшро ба мураххасӣ мефиристад.

Ширкати итолёии паймонкори нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон бар зарурати коҳиши теъдоди коркунони бахши идории ин нерӯгоҳ таъкид кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сойти "Тоҷнюс", масъулони ширкати "Impregilo S.p.A Salini" гуфтаанд, ки бояд 800 нафар аз кормандони бахши идории нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мурраххас шаванд.

Масъулони ин ширкат таъкид кардаанд, ки ҳузури ин теъдод корманд дар умури идории нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба маънии ҳадар додани манобеи молӣ аст.

Ҳамчунин масъулони ин ширкати итолиёӣ равиши анбор кардани сангу хок барои истифода дар садди 335 метрии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" -ро ғайриҳирфаӣ хонда ва гуфтаанд, ки ба зудӣ роҳкорҳои ҷадидеро дар ин замина ироа хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки тарҳи ҷадиди такмили нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба зудӣ дар сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ва дидори вай бо дастандаркорони ин тарҳ баррасӣ шавад.

Ширкати итолиёии "Impregilo S.p.A Salini" барандаи муноқисаи байналмилалӣ барои сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", мутааҳҳид шудааст то соли 2018 ду турбини нахусти ин нерӯгоҳро бо тавони тавлиди беш аз 4 миллиард киловат соат барқ дар сол ба баҳрабардорӣ бирасонад.