Апрел 11, 2018 15:42 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон як кони тиллои дигарро дар ихтиёри Чин гузошт

Саридораи Геологияи Тоҷик аз вогузории як кони тиллои дигари Тоҷикистон ба як ширкати чинӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Саридораи Геологияи Тоҷик эълом кард, иҷозаи фаъолият дар заминаи истихроҷи тилло барои ширкати ТВЕА-и Чин дар яке дигар аз конҳои маъдани Тоҷикистон содир шудааст.

Ба ин тартиб, ин ширкати чинӣ, ки машғули истихроҷи тилло дар кони тиллои Дуобаи шарқии ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон аст, илова бар ин кон, иҷозатномаи кор дар кони тиллои Кумарғи болои ин ноҳияро низ ба даст овард.

Тибқи гузориши комиссияи давлатӣ дар умури захираҳои манобеи табиии Тоҷикистон, захираҳои тилло дар кони тиллои Кумарғи боло 30 тон аст.

Ин ширкати чинӣ дар соли 2016-и мелодӣ муҷаввизи истихроҷи тилло дар кони Дуоба шарқиро ба даст оварда буд ва танҳо ширкати чинии машғул ба истихроҷи тилло дар Тоҷикистон нест.

Теъдоде аз конҳои тилло, аз ҷумла “Таррор”, “Ҷилав” ва “Чоре” дар дасти як ширкати чинӣ ва кони “Покрӯд” ҳам ба дасти ширкати дигари чинӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар ин кишвар ширкати муштараки канадаӣ фаъолият мекунад, ки машғул ба истихроҷи тилло дар шимоли Тоҷикистон аст.

Албатта теъдоде аз ширкатҳои тоҷикӣ низ машғули истихроҷи тилло ҳастанд, ки ширкати “Тиллои Тоҷик” аз ҷумлаи онҳост.

Дар соли 2017-и мелодӣ Тоҷикистон бо истихроҷи 5.5 тон тилло рекорддори тавлиди ин навъ маҳсули гаронбаҳо шуд.

Давлати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар соли 2018-и мелодӣ истихроҷи тилло дар ин кишвар то 6.6 тон афзоиш ёбад.

Мақомоти тоҷик муътақиданд, истихроҷи солонаи тилло дар ин кишвар то соли 2022 -и мелодӣ дар муқоиса бо соли 2012-и мелодӣ ҳафт баробар рушд мекунад.

Вогузории конҳои зиёди тилло ба ширкатҳои чинӣ дар ҳолест, ки Чин яке аз бузургтарин сармоягузорони мустақим дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тоҷикистон дорои 137 кони тилло аст.