Апрел 11, 2018 21:12 Asia/Dushanbe
  • Барраси лоиҳаи ислоҳи қонуни ҳуқуқи атбои хориҷӣ дар Тоҷикистон

Сухангуи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз баррасии лоиҳаи ислоҳи қонуни ҳуқуқи атбои хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.  

Муҳаммадато Султонов бо эъломи ин матлаб гуфт:

“Чунончи ин лоиҳа тасвиб шавад, муддати иқомати бидуни сабти атбои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз се рӯз ба 10 рӯз афзоиш хоҳад ёфт”.  

Ин лоиҳаро давлати Тоҷикистон рӯзи гузашта барои баррасӣ ва тасвиби ниҳоӣ ба Маҷлиси намояндагон тақдим кард.

Нуқтаи атфи иқомати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба тавофуқи русои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистон боз мегардад.

Ин мавзуъ дар ҷарёни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба шаҳри Душанбе ва дар дидори вай бо ҳамтои тоҷикаш матраҳ шуд.

Ниҳоят мавриди тавофуқи тарафайн қарор гирифт.

Ҳамзамон бо ин сафар раисҷумҳури Узбакистон бо судури ҳукме вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид ба ин кишварро қонунӣ эълом кард.

Дар ин фармон ба мақомҳои узбак дастур дода шуд, ки муқаррароти тавофуқномаи дуҷониба бо Тоҷикистонро то замони тасвиби он аз тарафи парлумонҳои ду кишвар, амалӣ кунанд.

Фармое, ки аз 16 март ба иҷро гузошта шуд.

Ҳафт рӯз пеш аз он руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон тавофуқномаи рафту омади бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишварро имзо карданд.

Муддати ин буду бош он 30 рӯз мебошад.  

Мутақобилан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 14 март ин тавофуқномаро барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон ироа кард.  

Ҳасани Биҳиштипур, коршиноси масоили стратегӣ мегӯяд:

“Чунончи дар давраи Мирзиёев бистарҳои беҳбуди равобити ду кишвар ва ҳамчунин рафъи мавонее, ки дар гузашта сари роҳи муносиботи ин ду кишвар бавуҷуд омадааст бартараф шавад, равобити ин ду кишвар метавонад рӯ ба беҳбуд равад”.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп