Иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон бо рушди ҷамъият ҳамхонӣ надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32544-Иштиғолзоӣ_дар_Тоҷикистон_бо_рушди_ҷамъият_ҳамхонӣ_надорад
Бонки рушди Осиё эълом кард, иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон бо рушди ҷамъияти ин кишвар ҳамхонӣ надорад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 12, 2018 04:22 Asia/Dushanbe
  • Иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон бо рушди ҷамъият ҳамхонӣ надорад

Бонки рушди Осиё эълом кард, иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон бо рушди ҷамъияти ин кишвар ҳамхонӣ надорад.  

Ба нақл аз сомонаи Бонки рушди Осиё, ин ниҳоди молӣ дар тозатарин гузориши худ таъкид кардааст, ки аз 1991 то 2016 мизони солиёнаи афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон 3 дарсад будааст, ки шохиси иштиғолзоии солона ба 7 даҳуми дарсад мерасад.

Дар ин кишвар то 2030 рушди ҷамъият ҳамчунон ҳифз хоҳад шуд ва бояд барои таъмини нерӯи кори ҷавони Тоҷикистон бо кор, барномаи баландмуддати иштиғолзоӣ тадвин ва иҷроӣ шавад.

Дар аксари кишварҳои ҷаҳон рушди ҳамасолаи ҷамъият ба унвони омили муҳими пешрафти иқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад.  

Бар асоси гузориши Бонки рушди Осиё дар 2019 мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 7 дарсад хоҳад расид.