Афзоиши арзиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонии Тоҷикистон
Таи рӯзҳои ахир арзиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонии Тоҷикистон ба ғайр аз рубли русӣ афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз tajikta.tj, 11 апрели соли ҷорӣ теъдоде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳар долларро 8 сомониву 84 то 85 дирам хариду фурӯш карданд, ки то қабл аз он 8 сомониву 82 то 83 дирам буд. Бонки милли Тоҷикистон ҳам дар сомонаи расмии худ қиммати ҳар долларро 8 сомониву 82 дирам таъин кардааст.
1 евро 11 апрел 10 сомониву 82 дирам то 12 сомониву 62 дирам хариду фурӯш шудааст, ки дар муқоиса бо рӯзҳои қабл афзоиш нишон медиҳад.
Арзиши рубл дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ҳафтаи қабл дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон ҳар 1000 рубл 150 сомонӣ хариду фурӯш мешуд, аммо 11 апрел ба 139 сомонӣ ёфт.