Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ва Путин ба Илҳом Алиев
Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар паёме ба Илҳом Алиев, интихоби дубораи вайро ба мақоми раёсатҷумҳурии Озарбойҷон, табрик гуфт.
Ба гузориши сойти “Ховар”, дар ин паём омадааст: "Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович.
Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо камоли мамнуният табрикоти самимии худро ба Шумо ирсол медорам.
Мардуми Озарбойҷон бо овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Шумо роҳандозӣ гардида, ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.
Итминон дорем, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб хоҳад кард. Бо ин мақсад ин ҷониб омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Шумо тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад".
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ пирӯзии Илҳом Алиевро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, муносиботи ду кишвар дар давраи ҷадиди масъулияти Алиев беш аз пеш густариш ёбад.
Алиев муваффақ шудааст, беш аз 86 дарсади орои интихоботи зудҳангоми раёсатиҷумҳурии ин кишварро, ки рӯзи гузашта (ёздаҳуми апрел) баргузор шуд, ба худ ихтисос диҳад.