Багдасаров хостори эъзоми Бадахшонёни Тоҷикистон ба ҷанги Сурия шуд
Сарҳанги мустаъфӣ ва чеҳраи сиёсии ҷанҷолии Русия хостори эъзоми зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Сурия ба манзури дифоъ аз ҳукумати Башшор Асад шуд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Семён Багдасаров барои бори дуввум бо муттаҳам кардани кишварҳои муттаҳиди Русия дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки аз кумак ба Маскав дар ҷанг алайҳи террористҳо дар Сурия худдорӣ мекунанд, хостори эъзоми зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Сурия барои дифоъ аз ҳукумати қонунии ин кишвар шудааст.
Вай ин матлабро барои бори дуввум дар мусоҳба бо радиои "Вести FM" ба Владимир Соловёв муҷрии машҳури рус иброз кардааст.
Ин шахсияти сиёсии арманитабор ва ҷанҷолии Русия, ки тайи солҳои 2007 то 2011 намояндаи маҷлиси Дума низ буд, муддаӣ аст, ки бояд аз ҳисоби сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд, ду то се гурдони мусаллаҳ таъсис ва ба Сурия эъзом кард, то дар канори низомиён рус аз давлати Башшор Асад дар баробари террористҳо дифоъ кунанд.
Вай мӯътақид аст, ки кишварҳои назири Арманистон, ки дар Сурия ҷомеаи бузурги арманиҳо зиндагӣ мекунанд ва Беларус ба унвони наздиктарин муттаҳиди Русия дар Созмон паймони амнияти ҷамъӣ аъзо мебошанд, дар иҷрои вазоифи аслии худ барои кумак ба Маскав дар амри мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия кӯтоҳӣ кардаанд.
Семён Багдасаров дар соли 2017 низ хостори таъсис ва эъзоми неруи вижа аз ҳисоби зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Сурия ба манзури дифоъ аз ҳукумати Башшор Асад шуда буд.