3 ҳазору 900 масҷид барои Тоҷикистон кофӣ аст
(last modified Mon, 16 Apr 2018 03:48:43 GMT )
Апрел 16, 2018 08:48 Asia/Dushanbe
  •  3 ҳазору 900 масҷид барои Тоҷикистон кофӣ аст

Мақомоти Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфтаанд, барои ҷомеа наздик ба 9 миллион нафарии мусулмонон ин кишвар, вуҷуди 3 ҳазору 900 масҷид кофӣ аст.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, ин мақомот таъкид кардаанд, ки фаъолияти 3 ҳазору 900 масҷид барои мусулмонони Тоҷикистон кифоят мекунад ва дар ин кишвар 68 ибодатгоҳи фирқаҳои ғайри исломӣ низ сабт ном шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 5 соли ахир дар Тоҷикистон ба баҳонаи надоштани ҳуҷҷатҳои сабти ном ва муҷаввизи расмӣ, ҳазорон масҷид баста шуда ва теъдоде аз ин ибодатгоҳҳо бо тағйири корбарӣ ба маконҳои варзишӣ, коргоҳҳои кӯчак ва дармонгоҳҳо табдил шудаанд.

Ҳамчунин дар ин кишвар ҳатто як мадрасаи исломӣ вуҷуд надорад ва танҳо Донишкадаи исломӣ низ наметавонд, ниёзи ҷомеаи 93 дарсадии мусулмони Тоҷикистонро бароварда созад.

Аз сӯи дигар ташдиди сиёсати ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон ва риши ҷавонон тайи солҳои ахир, бо интиқоди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва маҳофили дохилии мазҳабӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст, ки мақомоти Кумитаи давлатии умури дини ин кишвар, ин мавзӯро рад мекунанд.

Акнун низ дар Тоҷикистон дар талош барои тарҳи усули ҷадиди фаъолияти созмонҳои динӣ ва озодии эътиқод ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии умури дини ин кишвар, заминаи ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро фароҳам месозад.