Апрел 16, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Фаррошони тоҷик дар Маскав: Ҳаққи моро бидиҳед

Гирдиҳамоии фаррошони тоҷик барои дарёфти талаби худ аз шаҳрдории минтақаи Медведковои шаҳри Маскав, таваҷҷуҳи шабакаҳои телевизионии Русияро ҷалб кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Дожд”, фаррошони тоҷик гуфтаанд, к рӯзона то 16 соат дар ин минтақа аз шаҳри Маскав ба назофткорӣ машғул ҳастанд, аммо чанд моҳе аст, наметавонанд дастмузди хешро дарёфт кунанд.

Ин афрод таъкид кардаанд, ки то интисоби мудирияти ҷадид дар шаҳрдории минтақаи Медведковои Маскав, моҳиёнаи изофа бар ҳуқуқи хеш маблағ 10 ҳазор рубл дарёфт мекаранд, аммо акнун хабаре аз ин подош низ нест.

Аммо нуктаи ҷолиб дар ин гузориши телевизионӣ суханони пурэҳсоси як фарроши ҷавони тоҷик ба номи Анзор аст, ки хитоб ба муовини шаҳрдори ин минтақа ба тоҷикӣ мегуяд: “ҳаққи мардумро те”.

Мақомоти шаҳрдории минтақаи Медведковои Маскав ба коргарони тоҷик қавл додаанд, ки рӯзҳои оянда талаби ононро пардохт хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар мавзӯи ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шаҳри Маскав дар дидори Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Сергей Собянин, шаҳрдори пойтахти ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Путин роҳбандонҳои тӯлонӣ ва фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шаҳри Маскавро ду мушкили асосии пойтахти кишвараш хонда, аммо шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки ин шаҳр дар ҳоли ҳозир ду миллион коргар кам дорад.

Ба гуфтаи Собянин, сокинони бумӣ тамоюле барои машғул шудан ба бисёре аз шуғлҳо нишон намедиҳанд ва шаҳрдории Маскав маҷбӯр мешавад аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, истифода кунад.