Апрел 16, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Талоши Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби эътимоди муштариён

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои ҷалби эътимоди муштариён ба низоми бонкии ин кишвар, тайи ду соли оянда тадбирҳои таъсиргузоре хоҳад андешид.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ба далели мушкилоти се соли ахир дар низоми бонкии ин кишвар ва коҳиши эътимоди муштариён ба бонкҳо, барномаи ҷомеи дифо аз манофеи сипурдагузорон барои солҳои 2018 то 2020 тадвин ва иҷроӣ хоҳад шуд.

Тадвини сиёсати муқобила бо осебпазирии бонкҳои Тоҷикистон аз омилҳои берунӣ  монанди коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз  Русия бо андӯхтани манобеи калони молӣ, яке аз ин роҳкорҳо эълом шудааст.

Аммо Абдулманнон Шералиев, коршиноси умури иқтисодӣ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки барномаи дар даст гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷазби эътимоди дубораи мардуми ин кишвар ба низоми бонкӣ, иқдоме дерҳангом аст, ки бояд дастикам панҷ сол қабл иҷроӣ мешуд, зеро тайи се соли ахир ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” варшикаст шуда ва муҷаввизи фаъолияти худро аз даст доданд ва беш аз 20 муассисаи молӣ ва эътиборӣ низ бо эъломи варшикастагӣ, фаъолияти худро қатъ карданд.

Шералиев пурсидааст, дар ҳоле, ки мардум се сол аст, ки наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ бозпасгиранд, чигуна Бонки миллии Тоҷикистон метавонад, эътимоди муштариёнро ба низоми бонкии кишвар ҷазб кунад?

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ин коршиноси иқтисодӣ, дар шароите, ки мардум дар ивази сипурдаҳои асъори хориҷии хеш аз бонкҳои Тоҷикистон маблағи ночизе ба сомонӣ дарёфт мекунанд ва асли сармояи онон бозпардохт намешавад, ҷазби дубораи эътимоди онон ба низоми бонкии ин кишвар ғайриқобили тасаввур аст.