Cафари Зариф ба Тоҷикистон; тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯби ЭКО
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (душанбе) дар садри ҳайате сиёсӣ барои ширкат дар бистусевумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ЭКО озими Душанбе - пойтахти Тоҷикистон шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ин кишвар низ дидор ва дар хусуси роҳҳои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ хоҳад кард.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО/ Economic Cooperation Organization) созмони минтақаие аст, ки дар соли 1985 аз сӯйи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд. Аъзои ин созмонро дар ҳоли ҳозир Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил медиҳанд.
Минтақаи ЭКО бо вусъати беш аз 8 миллион километри мураббаъ, дорои зарфиятҳои бузурги иқтисодӣ аст. Аз назари шохисҳои ҷамъиятӣ ва бозори масраф низ минтақаи ЭКО бо ҷамъияте беш аз 400 миллион нафар як бозори муносибе аст. Вуҷуди заминаҳои мусоид барои сармоягузории муштарак низ аз вижагиҳои минтақаи ЭКО маҳсуб мешавад, аммо ин бахш намуди чандоне надорад .
Нигоҳе ба мавқеияти куллии ин маҷмӯа нишон медиҳад, ки созу корҳои муносибе дар ЭКО барои ҳамкорӣ миёни аъзо вуҷуд дорад ва дар ин росто мувофиқатномаҳои ҳамкории чандҷонибаи зиёде байни кишварҳои ин минтақа имзо шудааст.
Алии Алимададӣ, узви созмони тавсеаи тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни зарурати тақвияти равобит байни кишварҳои узви ЭКО мегӯяд: “Мутаассифона, минтақаи узви ЭКО шоҳиди бештарин хушунатҳо ва ноамниҳо дар сатҳи ҷаҳон аст ва дар чунин вазъияте бояд талош кард то зимни чира шудан бар мушкилот, равобити тиҷорӣ байни кишварҳои узв тақвият дода шавад”.
ЭКО акнун дар даврони тозае аз таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ қарор гирифтааст ва барои пешбурди барномаҳои худ ба таомулоти қавитаре ниёз дорад то битавонад монеаҳои пешорӯро аз сари роҳ бардорад. Муҳимтарини ин монеаҳо вуҷуди танишҳои сиёсӣ дар минтақаи ЭКО ва муҳити перомунии он ва ҳамчунин мушкилоти дохилӣ дар даруни бархе аъзои ЭКО аст.
Ба унвони мисол, метавон ба танишҳои дерина дар равобити Покистон ва Афғонистон ишора кард. Туркия низ, ки аз поягузорони ЭКО маҳсуб мешавад, бо вуҷуд доштани зарфиятҳои муносиби иқтисодӣ, даргири танишҳое дар ҳавзаи сиёсати хориҷии худ шудааст. Ин чолишҳо бар зарфиятҳои иқтисодии ЭКО соя андохта ва баҳрамандӣ аз онҳоро бисёр сахт ва ҳатто ғайримумкин кардааст.
Ин дар ҳоле ст, ки даҳ кишвари узви ЭКО ҳар як дорои бартариҳои қобили таваҷҷуҳе барои ҳамкорӣ ҳастанд ва тавонистаанд занҷираи бузурге аз хутути транзитиро дар заминаҳои тиҷорат, ҳамлу нақл ва энержӣ эҷод кунанд.
Бо таваҷҷуҳ ба маҷмӯаи ин фурсатҳо ва чолишҳо, иҷлоси ЭКО дар Душанбе метавонад ба эҷоди механизмҳое дар ҷиҳати пешбурди барномаҳо ва фаъолиятҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ кумак кунад.