Дидори вазири хориҷаи Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф мулоқот кард.
Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом додаанд.
Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалиро низ баррасӣ карданд.