Апрел 17, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Оғози бисту сеюмин нишасти Шӯрои вазирони хориҷии ЭКО

Бисту сеюмин иҷлоси Шӯрои вазирони узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, бисту сеюмин иҷлоси Шӯрои вазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд. Вазири умури хориҷии Эрон дар ин иҷлос суханронӣ хоҳад кард.

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ шомили 10 кишвар, Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон аст, ки беҳбуди шароити тавсеаи иқтисодии пойдори кишварҳои узв ва ҳазфи тадриҷии монеаҳои тиҷории байни онҳоро дунбол мекунад.