Боздошти як чинӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми таҳияи машруботи спиртии тақаллубӣ
Кормандони идораи полиси шаҳри Душанбе як шаҳрванди ҷумҳурии Чинро ба иттиҳоми таҳияи машруботи спиртии тақаллубӣ ва бекайфият боздошт карданд.
Ба гузориши сомонаи идораи полиси шаҳри Душанбе, гуфта мешавад Чжан Ҳай Ли Юн, ки дар назди корхонаи тавлиди хишти шаҳри Душанбе, дар манзили иҷораӣ сукунат доштааст, аз моҳи марти соли ҷорӣ ба таҳияи машруботи спиртии тақаллубӣ ва бекайфият бо орм (логотип)-и корхонаҳои чинӣ иқдом мекардааст. Вай акнун дар боздошт ба сар мебарад.
Бар асоси ин гузориш, аз маҳалли зисти ин шаҳрванди чинӣ теъдоди зиёде аз зарфҳо, маводи аввалияи таҳияи машруботи спиртӣ ва коғазҳое бо орми корхонаҳои ҷумҳурии Чин кашф шудааст, ки нишон медиҳад, вай маҳсулоти ғайристандарт ва тақаллубии худро ба унвони машруботи воридотӣ аз кишвараш пешниҳод мекардааст.
Ин шаҳрванди чинӣ бидуни доштани муҷаввиз барои фаъолият дар бахши хусусӣ, ба таҳияи машруботи спиртии тақаллубӣ, ки ба унвони маҳсулоти тавлидшуда дар корхонаҳои Чин ба фурӯш мерасидааст, иқдом кардааст.
Дар ҳоли ҳозир алайҳи ин шаҳрванди Чин ба иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ ва таҳияи машруботи спиртии тақаллубӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.