Ҳукми зиндон барои ду муттаҳами тоҷик дар Русия
(last modified 2018-04-18T06:37:54+00:00 )
Апрел 18, 2018 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ду муттаҳами тоҷик дар Русия

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар вилояти Красноярски Русия ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Ба гузориши хабаргузории РИА –Новости, додгоҳи низомии вилояти Красноярски Русия ин ду нафар ба номҳои М. Ҳабибуллоҳзодаи 28 сола ва Ш. Гиёҳови 23 соларо ба ҳашт ва шаш соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомоти идораи Хадамоти амнияти федералии Русия дар вилояти Красноярск гуфтаанд, ин ду нафар қасд доштанд аз хоки Туркия ва бо убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар ва Эрон, худро ба Афғонистон бирасонанд ва ба яке аз гурӯҳҳои фаъоли террористӣ дар дохили ин кишвар бипайванданд.

Ҳабибуллоҳзода бо ҳазинаи худ барои Гиёҳов дар парвози Красноярск– Истанбул ҷо резерв карда буд, ки ҳар ду ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо боздошт шуданд.

Ҳамчунин ин ду барои убури ғайриқонунӣ аз марзи Туркия ба Эрон ва Афғонистон, миқдоре пули миллии ин се кишварро низ таҳия карда буданд.