Апрел 19, 2018 12:44 Asia/Dushanbe
  • Поёни бисту сеюумин иҷлоси вазирони умури хориҷаи ЭКО

Бисту сеюумин иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ "ЭКО" (Economic Cooperation Organization) дар ҳоле дар душанбе пойтахти Тоҷикистон ба кори худ поён дод, ки дабирикулии ин созмон ба муддати се сол ба Ҷумҳурии исломии Эрон вогузор шуд.

Дар ин нишасти ду рӯза мавзӯъҳои муҳимме ҳамчун ҳимоят аз узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат(WTO) ва маҳкумияти монеътарошии бархе кишварҳо дар ин хусус баррасӣ шуд.

Баргузории нишастҳои Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО, дар кишварҳое, ки аъзои нави ин созмони иқтисодӣ ба ҳисоб меоянд аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст. Ба вижа, ки ангезаи ин даста аз кишварҳоро барои ҳамкориҳои минтақаӣ беш аз пеш афзоиш хоҳад дод. Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар поёни сафар ба Тоҷикистон дар бораи нишасти вазирони умури хориҷаи  Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО гуфт: Аз онҷо ки ҳамгароии минтақаӣ дар ин даврон нақши муҳимме барои пешрафти кишварҳои минтақа ва эҷоди фазои муносиб барои мубориза бо ифротгароӣ дорад, Созмони ЭКО метавонад нақши бисёр муҳиммеро ифо кунад ва ин ҷаласаи бисёр муваффақе буд.

Дар ҳоли ҳозир Созмони ЭКО даҳ узв дорад. Эрон, Туркия ва Покистон, ки аз аъзои муъассис ва фаоли ин созмони иқтисодӣ ба ҳисоб меояд. Ҳафт узви дигари ЭКО ба панҷ ҷумҳурии Осиёи марказӣ яъне Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон аъзои нави Созмони ЭКО ҳастанд. Маҷмуъаи аъзои ЭКО дорои мазиятҳои нисбӣ дар бархе бахшҳо монанди саноъат, кишоварзӣ, энергетика ва ҳамлу нақл(нақлиёт) ҳастанд, ки ин кишварҳоро аз дигар кишварҳои ҷаҳон ва иттиҳодияҳои минтақаӣ ҷудо мекунад.

Эрон яке аз аъзои фаоли Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО аст. Ба ҳамин далел бо вогузории риёсати сесолаи ЭКО ба Эрон интизор меравад ин созмони иқтисодӣ фаолиятҳои густардатаре тайи соли равон ва солҳои оянда дошта бошад.

Созмони ЭКО дар ҳоли ҳозир бо даҳ узви дорои манбаъҳои ғанӣ (пур) фосилӣ, бархурдорӣ аз иқтисодҳои мукаммал, вазъияти ҷуғрофиёии вижа ва низ мавқеияти геоплатикии ягона аст. Даҳ узви Созмони ЭКО бо бархурдорӣ аз шароити вижае, ки ин созмонро аз дигар ташкилоти минтақаӣ дар ҷаҳон ҷудо мекунад, имкони рақобат бо ин ташкилотро низ доранд. Бархурдорӣ аз иқтисоди мукаммал ва имкони тавлиду содироти  навъҳои колоҳои саноъатӣ, ин созмонро дар мавқеъияти муносибе барои тавсеъаи иқтисодии муштарак қарор додааст.

Бисёре аз коршиносони ЭКО бар ин боваранд, ки бархе аъзои ин созмони иқтисодӣ бо додани фурсат ба бархе давлатҳои султагар ва мудохилаҷӯ, аз усули асосии ин созмон фосила гирифта ва дар амал монеъи амалисозии бархе идеалҳои пешбинишудаи ЭКО мегарданд. Ҷудо аз ин заъфи асосии Созмони ЭКО бояд гуфт аъзои ЭКО имкони онро доранд, ки бидуни вобастагӣ ба дигар давлатҳои қудратманд, худ ва минақаи ЭКОро идора намоянд.