Тағйири равиши судури визаи Шенген дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32978-Тағйири_равиши_судури_визаи_Шенген_дар_Тоҷикистон
Сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар иттилоияе аз тағйири раванди судури визаи Шенген барои шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дорад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 21, 2018 08:34 Asia/Dushanbe
  • Тағйири равиши судури визаи Шенген дар Тоҷикистон

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар иттилоияе аз тағйири раванди судури визаи Шенген барои шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дорад.  

Ба нақл аз Авесто, дар ин иттилоия омадааст, дар ояндаи наздик як ширкати хадамоти тахассусӣ барои дарёфти дархости визаи Шенген барои Олмон ва дигар кишварҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, оғоз ба кор мекунад.  

Чунин системе дар бисёре аз кишварҳо озмоиши худро ба хубӣ пас додааст ва бояд равиши дархост барои судури виза содда ва сареъ шавад.  

Пазириши асноди виза аз сӯи ширкати хадамоти тахассусии Visametric анҷом хоҳад шуд, ки қарор аст, дафотири намояндагии он 30 апрео дар Душанбе ва ҳафтуми майи 2018 дар Хуҷанд боз шавад.  

Замони расидагӣ ба дархости судури виза дар ин ширкат, 15 рӯз хоҳад буд.

Визаи содиршуда монанди гузашта танҳо дар сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон таҳвил дода хоҳад шуд.