Апрел 22, 2018 10:04 Asia/Dushanbe
  • Бештарин ва камтарин мизони маош дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бештарин мизони дастмуздро коргарони маъдан ва камтарин маошро кишоварзон дарёфт мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди риёсати ҷумҳурии ин кишвар камтарин ва бештарин мизони маошро дар ин кишвар тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ, эълом кардааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, болотарин мизони дастмузд дар Тоҷикистонро коргарони бахшҳои саноат ва маъдан, кормандони банкҳо, хадамоти мухобирот ва иртиботот ва ҳамлу нақл дарёфт мекунанд.

Ҳуқуқи ин афрод ба 1500 то 2000 сомонӣ (муодилӣ 190 то 250 доллар) дар моҳ мерасад.

Аммо афроди шоғил дар бахшҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва ҷангалбонон моҳона 546 сомонӣ (муодили 61 доллар) маош дарёфт мекунанд, ки камтарин дастмузд дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Дар маҷмӯъ маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 1498 сомонӣ (муодили 169 доллар) эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони маоши моҳона дар Русия 657 доллар, Қазоқистон 432 доллар, Беларус 402 доллар, Қирғизистон 204 доллар, Туркманистон 198 доллар ва Узбакистон 177 доллар эълом шудааст.

Ҳамчунин мизони миёнаи ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 272 сомонӣ эълом шуда, ки наздик ба 35 доллар аст.

Бинобар ин аз ин назар низ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви ИДМ аз ҳама поинтар қарор гирифтааст.