Апрел 22, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Имомхатиби масҷид: Мусиқӣ дар Ислом ҳаро  нест

Мақолаи имомхатиби масҷиде дар шаҳри Хуҷанд дар Кумитаи дини ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шуда, ки дар он тасреҳ шудааст: Мусиқӣ дар Ислом ҳаром нест.

Ба гузориши Кумитаи дини Тоҷикистон, дар мақолаи Ибодуллоҳ Калонзода омадааст калимаи мусиқӣ ва ҳаммаънои он дар ҳеч оят ва ҷойи Қуръони карим ва суннати Паёмбар (с) наомада ва ҳаром эълом нашудааст.

Ин мақола тасреҳ мекунад: Уламо муътақиданд агар мусиқӣ сабаби гуноҳ нашавад, мубоҳ аст.

Ибодуллоҳ Калонзода бо ишора ба робитаи ногусастанӣ ва таърихии қавми тоҷик бо мусиқӣ, навиштааст, тоҷикон дорои мусиқии хоси худ буда ва бо доштани олоти мусиқии гуногун дар вақтҳои фароғат, ҷашун сурур, идҳо ва ҳатто замони шикор аз онҳо истифода мекарданд.

Калонзода афзудааст: Ниёкони мо на танҳо абзор ва олоти мусиқӣ ва оҳангҳои онро сохат, балки то имрӯз анвоъу ақсоми навинеро ҳам ба сабт расондаанд.

Вай ин саволотро матраҳ мекунад: Ислом, ки барои ҳамаи чиз ҳукм содир карда пас чаро мусиқӣ ва асбоби онро ҳаром эълом накарда ва агар ҳукм бар ҳаромӣ ва нобудии мусиқӣ ва асбоби он дода мешуд оё дар гузашти замон ин чунин пешрафт мекард?

Ба гуфтаи ин имомхатиб пас ин ба он маъност, ки мусиқӣ дар Ислом ҳаром эълом нашудааст.